Создать сайт на a5.ru
Более 400 шаблонов
Простой редактор
Приступить к созданию
ШАРОИТИ МАНЗИЛИЮ                                    МАИШИИ ДОНИШҶӮЁН                   
   Дар коллеҷ хобгоҳи донишҷӯён дар 1 бинои 3 – ошёна, ки масоҳати умумии он 1400 метри мураббаъро ташкил менамояд, ҷойгир аст. 
    
   Дар бинои №3 дар ошёнаҳои якум ва қисман дуюм 120 нафар донишҷӯён зиндагӣ мекунанд, ки аз ноҳияҳои вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумхури  мебошанд. Дар хобгоҳ телевизор, ҳуҷраи хӯрокпази, хонаи хизмати маиши, ва ҳамом  амал
мекунад, ки аз онҳо донишҷӯён бо пуррагӣ истифода мебаранд.
  
   Инчунин дар хонаи истироҳатии донишҷӯён рузномаю маҷаллаҳо, шашкаю шоҳмот, овезаҳо мавҷуд буда, фаъолияти шӯрои донишҷуёни хобгоҳ дуруст ба роҳ монда шудааст. 
    
   Дар коллеҷ бунгоҳи тиббӣ мавҷуд буда бо мутахассис таъмин мебошад. Барои донишҷӯён ошхона ташкил карда шудааст, ки 50  ҷойи нишаст дорад ва дар он хурокҳои гарм бо нархҳои арзон пешкаши донишҷӯён карда мешавад.
 
Инчунин курсҳои кутоҳмуддати омузиши забонҳои русӣ, англисӣ, кор бо компютер, курси ронандагии дараҷаи «В, С», дӯзандагӣ, челонгари таъмири автомобил вуҷуд дорад.

 

ШУМОРАИ ДОНИШҶӮЁН


     Дар коллеҷи политехникӣ дар 19 гурӯҳи шӯъбаи рӯзона 325 нафар, аз он ҷумла 50 нафар духтарон ва дар 13 гурӯҳи шӯъбаи ғоибона 326- нафар аз он ҷумла 40 нафар духтарон, ҳамагц 510 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд.

 
   Масъалаи ҳифзи иҷтимоии донишҷӯён зери назорати доимии маъмурияти коллеҷ буда, донишҷӯёни дурдаст ва ниёзманд бо хобгоҳ таъмин шудаанд. Айни ҳол дар хобгоҳ -120 нафар донишҷӯён истиқомат доранд, ки ба онҳо ҳамаи шароити зиндагонӣ муҳайё карда шудааст. 

 

   Аз 325 нафар донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона , 184 нафар идрорпулӣ мегиранд.


   Донишҷӯёни гурӯҳи ТБТИ 22-14  Аминова Ф, гирандаи стипендияи Раиси вилояти Суғд мебошад.


  

 Ҳоло дар шӯъбаи рӯзонаи коллеҷ 14- нафар донишҷӯёне, ки аз волидайни хеш маҳрум гардидаанд ва ҳолати иқтисодиашон вазнин аст, таҳсил мекунанд. Онҳо доимо аз тарафи маъмурияти коллеҷ дастгирӣ ва кумаки иқтисодию маънавӣ мегиранд.

 

Айни ҳол дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод китобхона фаъолият менамояд, ки дорои 22588 нусха китобҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ мебошад, аз ҷумла:
     -адабиёти бадеӣ – 2052 нусха;
     -aдабиёти тахассусӣ – 7569 нусха;
     -адабиёти методӣ – 4684 нусха;

     -адабиёти таълимӣ – 8269 нусхаро ташкил медиҳад.
Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
 
Суроға:       н.Зафаробод. ш.Зафаробод,
                   к. Б Ҳамзаев-3 
Тел:         + (83452) 51270  
Е-mail:     KPNZ_com@mail.ru

БА МО НАВИСЕД:

Хабари Шумо ирсол карда шуд!

Тамоми ҳуқуқҳо маҳфузанд | KPNZ.mya5.ru 

 
МУБОДИЛА БО ДӮСТОН:

⁠Маълумот дар ВикипедиА
1200px-Wikipedia-logo-v2-tg.svg%20%281%2