Создать сайт на a5.ru
Более 400 шаблонов
Простой редактор
Приступить к созданию

   ЗАМИНАҲОИ МОДДӢ-ТЕХНИКИИ КОЛЛЛЕҶ
 

   Коллеҷи политехникии нохияи Зафаробод дорои чунин базаи таълимию истеҳсолӣ мебошад: 

          

           - бинои таълимӣ 3 то
           - кабинетҳои таълимӣ 24 то
           - лабараторияҳо 3 то
           - устохонаҳои таълимӣ 3 то
           - варзишгоҳ – 1 то

           - толори варзишӣ 1 то
           - майдончаи варзишӣ 3 то
           - хобгоҳ 1 то
           - заминҳои кории хочагии таълимӣ 19,36 га
           - нуқтаҳои хӯрокворӣ 2 то
           - толори маҷлисгоҳ 1 то

           - китобхона 1 то


   Масоҳати умумии таълимгоҳ-5 га ро ташкил дода, масоҳати таълимию истеҳсолӣ ба 1864,6 м 2 баробар аст, ки ин ба ҳар як донишҷӯ ҳангоми дар як басти раванди таълим – 12 м 2 рост меояд.

 

   Дар устохонаи таълимӣ- истеҳсолӣ чунин таҷҳизотҳо мавҷуданд:
Мизи кафшергарӣ, дастгоҳи кафшергарӣ, крани борбардорӣ, дастгоҳҳои дуредгарӣ, механикӣ, пармакунӣ ва ғайра, ки барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзӣ ба кор бурда мешаванд.

 

   Барои омӯзиши фанни компютер, синфхонахои компютерӣ бо тачҳизотҳои лозимӣ (проектор) доскаҳои электронӣ ва компютерҳои замонавӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар синфхонаи компютерӣ хамаи компютерҳо ба шабакаи интернт пайваст  шудаанд.

 

   Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод бо донишгоҳҳои ҷумҳурӣ аз ҷумла Донишгоҳи Давлатии Тиҷоратии Тоҷикистон, Донишкадаи политехникии Тоҷикистон  хамкории судманд дорад.
 

ТАЪМИНОТИ КАДРҲО
    
   Тибқи ҷадвали басти вазифаҳо, ки аз чониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2014 ҷихати ташкили раванди таълиму тарбия дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод тасдиқ гардидааст, бо назардошти хайати роҳбарикунанда 70 нафар омӯзгорон ва кормандони ёрирасону техникӣ муқаррар карда шудааст, ки ин ҳамаи воҳидҳои ҷудошуда комилан пурра истифода карда шуда истодаанд.

   Дар Коллеҷ 49 нафар омӯзгорон ва устоҳои таълимӣ, аз он ҷумла 12 нафар ҳамкор фаъолият мекунанд. 6 нафар омӯзгори асоси «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.
 
   Аз ҷумлаи омӯзгорони доимию ҳамкор 16 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 2 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки 14 нафарашон таҳсилоти омӯзгорӣ ва 18 нафарашон дорои таҳсилоти тахассусӣ мебошанд. 

Шакли таҳсил дар коллеҷ бо низоми кредитӣ ва ананавӣ ҷорӣ карда шудааст. 
Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
 
Суроға:       н.Зафаробод. ш.Зафаробод,
                   к. Б Ҳамзаев-3 
Тел:         + (83452) 51270  
Е-mail:     KPNZ_com@mail.ru

БА МО НАВИСЕД:

Хабари Шумо ирсол карда шуд!

Тамоми ҳуқуқҳо маҳфузанд | KPNZ.mya5.ru 

 
МУБОДИЛА БО ДӮСТОН:

⁠Маълумот дар ВикипедиА
1200px-Wikipedia-logo-v2-tg.svg%20%281%2