Создать сайт на a5.ru
Более 400 шаблонов
Простой редактор
Приступить к созданию

     

 

      Дар давоми солҳои тӯлони якчанд мутахассисони соҳибмаълумотро бо касбҳои гуногун тайёр намуд. Моҳи ноябри соли 2012 "Техникуми политехникии ноҳияи Зафаробод" бо номи "Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод" таъсис дода шуд.

 

Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод, Иҷозатномаи таълимгоҳ оиди ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ, дорои силсилаи АУ № 0001284 аз 03.06.2013 мавҷуд аст.


Шаҳодатнома оиди аккредитатсияи давлатӣ дорои силсилаи 02710002 аз 26.04.2013с, ки Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст, мавҷуд мебошад.

 

Оинномаи таълимгоҳ ба талаботи моддаи 15-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» пурра мувофиқ карда шудааст ва бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи  09.04.2013 таҳти № 673 тасдиқ карда шудааст.


Сохтори Коллеҷ  аз: Директор, муовинони директор оид ба таълиму тарбия, таҷрибаомӯзӣ - истеҳсолӣ, корҳои хоҷагӣ, шӯъбаи таълим, декани факулта,  мудирони шӯъбаҳои рузона ва ғоибона, шӯъбаи кадрҳо, бахши робитаҳои хориҷӣ, китобхона, муҳосибот, хобгоҳ, кафедраҳои методии фаннӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касб, иборат аст. 


Таълимгоҳ мутобиқи иҷозатнома мутахассисонро дар шӯъбаҳои рӯзона (аз синфи 9 ва 11) ва ғоибона

 (синфи 11) аз рӯи ихтисосҳои зерин тайёр менамояд:


1.   2- 440101   «Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ»;
2.   2- 270131   «Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот»;
3    2- 430103   «Таъмини барқ» (аз рӯи соҳаҳо);
4.   2- 400101   «Таъмини барномавии технологияҳои иттилоотӣ» (низоми кредитӣ)
5.   2- 700102   «Сохтмони саноати ва шаҳрвандӣ»
6.   2- 250135   «Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат»

 

ТАЪРИХ ВА ПАЙДОИШИ КОЛЛЕҶИ МАЗКУР

 Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод таърихи 48 сола дошта ҳангоми зарурати таъмин намудани корхонаҳои сохтмонию истеҳсолӣ ва ободии  мирзочӯли тоҷик бо фармони  Идораи осиёи миёнагии обёрикунӣ ва сохтмони назди Вазорати обёрикунӣ ва хоҷагии оби ИҶШС  санаи 11.04.1968 таҳти №73 бо номи "Техникуми гидромелиоративии ноҳияи Зафаробод" таъсис дода шуд. Дар коллеҷ 240 нафар донишҷӯ таҳсил менамуд. Сипас бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.09.2001 таҳти №432 дар заминаи собиқ "Теникуми гидромелиоративӣ", "Техникуми политехникии ноҳияи Зафаробод" таъсис дода шуд.

РАВАНДИ ТАЪЛИМ

 

   Раванди таълим аз рӯи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои зикргардида  ба роҳ монда шудааст.


   Ном ва рамзи ихтисосҳо ба стандартҳои давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқ карда шудааст.


   Ҷадвали машғулиятҳои таълимӣ мутобиқи нақшаҳои таълимӣ ва сарбории омӯзгорон тартиб дода шудааст.


   Иштироки донишчӯён ба дарсҳо зери назорати декани факулта ва роҳбарони гурӯҳ буда  натиҷаи самарабахш медиҳад.
 

   Раванди таълим бо  шаклҳои дарсӣ бо тарзи лексия, амалӣ, омехта ва лобараторӣ вобаста ба ихтисос ва фанҳои таълимӣ гузаронида мешавад.
 

.
Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод
 
Суроға:       н.Зафаробод. ш.Зафаробод,
                   к. Б Ҳамзаев-3 
Тел:         + (83452) 51270  
Е-mail:     KPNZ_com@mail.ru

БА МО НАВИСЕД:

Хабари Шумо ирсол карда шуд!

Тамоми ҳуқуқҳо маҳфузанд | KPNZ.mya5.ru 

 
МУБОДИЛА БО ДӮСТОН:

⁠Маълумот дар ВикипедиА
1200px-Wikipedia-logo-v2-tg.svg%20%281%2